Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз ду раҳбари "Ихвон-ул-муслимин" дар Миср


Муҳаммад ал-Белтагӣ
Муҳаммад ал-Белтагӣ
Полиси Миср рӯзи панҷшанбе боз ду раҳбари аршади ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” - дабири кулли Ҳизби озодӣ ва адолат Муҳаммад ал-Белтагӣ ва собиқ вазири кор Холид ал Азҳариро боздошт кард. Ал-Белтагӣ, ки аз рӯзи 10 июл мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, дар таҳрик барои хушунат, даст доштан дар куштор ва терроризм муттаҳам мешавад.

Гуфта мешавад, ин охирин бахш аз силсилабоздоштҳои раҳбарони “Ихвон-ул-муслимин” маҳсуб мешавад, ки ҷонибдоронаш аз рӯзи 3 июл ба ин сӯ дар мақом барқарор кардани раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсиро талаб мекунанд.

Ду ҳафта пеш ҳангоми парокандасозии ду урдугоҳи эътирозгарон дар шаҳри Қоҳира аз сӯи нерӯҳои амниятии Миср дар сартосари кишвар бенизомиҳо сурат гирифтанд ва садҳо нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG