Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амнияти СММ инфиҷорҳои маргбори Лубнонро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ инфиҷори ду моишни бамгузоришуда дар Лубнонро маҳкум кард. Дар ин ҳодиса 42 нафар кушта, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар эъломияе, ки рӯзи ҷумъа Шӯрои Амният бо иттифоқи оро ба тасвиб расонд, гуфта мешавад, ки ба таври ҷиддӣ ин ҳамлаҳои терроористӣ дар назди ду масҷиди аслан пайравони сунниро дар шаҳри Троблус маҳкум мекунад.

Дар ин эъломия аз ҳамаи мардуми Лубнон дархост шудааст, ки дар муқобили чунин талошҳои барҳам задани оромӣ дар кишвар ваҳдати миллиро ҳифз кунанд.

Дар ин эъломияи ҳамчунин аз мардуми Лубонон хостаанд, ки аз ҳар гуна иртибот бо бӯҳрони Сурия канораҷӯӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG