Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ вакили мудофеъро бемори равонӣ медонад


Додгоҳе дар Қазоқистон мегӯяд, ки иҷборан бистарӣ кардани як вакили мудофеъ дар бемористони бемориҳои равонӣ кори дуруст аст. Вай барои шикоят бар зидди мақомоти ҳукуматӣ зӯран ба ин бемористон интиқол дода шуд.

Шоми рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Балхаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки Зинаида Мухортиова барои муолиҷа муддате дар ин бемористон хоҳад монд. Вай соли гузашта зӯран барои 9 моҳ ба ин бемористон фиристода шуд. Вале Мухортиева мегӯяд, ки вай бемории равонӣ надорад ва ин кори мақомот ангезаи сиёсӣ дорад.

Пизишкон мегӯянд, ки Мухортиова гирифтори бемории беҳудагӯӣ ё сафсатахонӣ шудааст. Ба гуфтаи худи ин вакили мудофеъ, вайро замоне ба ин беморӣ мубтало донистаанд, ки вай бар зидди волии вилоят далелҳо гирдоварӣ кард.
XS
SM
MD
LG