Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон 9 тундрави исломиро куштаанд


Нерӯҳои амниятии Русия мегӯянд, ки 9 тундгарои исломиро бо як пешвои шинохтаашон дар Доғистон куштанд. Кумитаи Зиддитерористии Русия эълон кард, ки ин афрод рӯзи сешанбе дар як амалиёте дар як хона дар ноҳияи Буйнакск кушта шуданд. Бамотхон Шайхов, раҳбари гурӯҳе будааст, ки ба гуфтаи мақомоти Русия дар як силсила куштор, аз ҷумла қатли имоми масҷиди ҷомеъи ноҳияи Буйнакск дар соли гузашта даст доштааст. Дар Доғистон тайи солҳои ахир тундгароии исломӣ авҷ гирифта ва дар дигар манотиқи Шимоли Қафқоз паҳн шудааст.
XS
SM
MD
LG