Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳои Ироқ 6 нафар кушта шуданд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, рӯзи сешанбе бар асари ду бомбгузорӣ 6 нафар дар ин кишвар кушта шудаанд. Аз ҷумла таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди як зиёратгоҳи шиамазҳабон дар шаҳри Мадоин, 20 километрии шаҳри Бағдод чаҳор кушта бар ҷой гузоштааст. Ду маъмури пулис дар шаҳри Киркук ҳангоми хунсо кардани бомби ҷосозишуда дар мошине ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG