Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собянин бо Навалний мубоҳиса намекунад


Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, гуфтааст, ки бо дигар довталабони курсии раиси пойтахти Русия мубоҳисаи телевизионӣ нахоҳад кард. Людмила Шветсова, масъули корзори интихоботиаш гуфт, ки Сергей Собянин ба “иртиботи мустақим бо раъйдиҳандагон” таммаркуз хоҳад кард. Сабаби даст кашидани шаҳрдори Маскав аз мубоҳиса бо рақибонашро нагуфтаанд, аммо бино ба гузоришҳо, ӯ аз мубоҳиса бо Алексей Навалний пешвои мухолифони давлати Русия ҳазар мекунад. Аввали ҳамин ҳафта Алексей Навалний гуфт, ки духтари ноболиғи шаҳрдори Маскав дар маркази пойтахт як хонаи бузурге дорад, ки пули падараш ба харидани он намерасад. Вале ҳукумати Маскав гуфт, ки ин хонаро ба ӯ дар солҳои 2000-ум дар замони кораш дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия додаанд. Алексей Навалний ва чаҳор номзади дигари мухолифон ба мақоми раиси шаҳри Маскав сар аз рӯзи душанбе дар телевизиону радиоҳои шаҳр мубоҳиса хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG