Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон маҳви вараҷаро баррасӣ мекунанд


Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ масъалаи аз байн бурдани бемории вараҷаро баррасӣ мешавад, ки хатари сирояти он ба 75 дар сади аҳолии кишвар таҳдид мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, бемории вараҷа солона як миллион нафарро дар саросари ҷаҳон мекушад. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки нишасти мазкур рӯзи 13 август дар доираи иҷрои барномаи миллии ҷилавгирӣ аз бемории вараҷа барои солҳои 2011-2015 баргузор мешавад. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон соли 2012 танҳо 33 мавриди сирояти ин бемории кушанда сабт шудааст, ки тақрибан 58 дар сад камтар аз соли 2011 аст. Ҳарчанд то моҳи июни соли равон вараҷа танҳо ба ду нафар сироят кардааст, вале ба гуфтаи вазорати беҳдошт, муҳоҷирати дохилӣ ва вуҷуди беморӣ дар Афғонистону Покистон ҳамчунон метавонад, боиси хуруҷи вараҷа дар миёни аҳолии Тоҷикистон шавад.
XS
SM
MD
LG