Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сафоратҳои бастаашро боз мекунад


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, аз миёни 19 сафорату намояндагиҳои дипломатиаш, ки бинобар эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ баста шуданд, 18-тои онҳо рӯзи якшанбе боз хоҳанд шуд. Танҳо сафорати Амрико дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман баста мемонад. Бинобар гузоришҳо доир ба таҳдидҳои террористӣ Амрико ба аксари кормандони сафорат амр дода буд, ки Яманро тарк кунанд. Тамоми 19 намояндагӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо рӯзи 4 август баста шуданд. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дарёфти сӯҳбати раҳбарони Ал-Қоида дар бораи тарҳрезии ҳамлаҳои бузурги террористӣ сабаб шуд, то сафоратхонаҳоро бубанданд. Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин бинобар мулоҳизоти амниятӣ, консулгарии Амрико дар шаҳри Лоҳури Покистонро бастанд ва кормандони онро ба Исломобод интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG