Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо анҷоми тмалиёти фаврӣ ҳангоми гирифтани пора бо маблағи калон, устоди Донишгохи Техникии Тоҷикистонро боздошт кард ва алайҳи вай парванда боз кард. Маҳмадраҷаби Ҳанафӣ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 9 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки вақте довталаби Донишгоҳи Техникӣ Қурбонгул Афзалова ба Оҷонсӣ дар мавриди талаби ришва намудани устоди донишгоҳ Муҳаммадҷон Аҳрорӣ ариза пешниҳод кардааст, гурӯҳи фаврии Оҷонсӣ ӯро дар лаҳзаи гирифтани пора дастгир карданд. Устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Муҳаммадчони Аҳрорӣ ҳамчун аъзои комиссияи қабули довталабон, бо истифода аз ваколатхои хизматиаш барои дохил намудани довталаб Қурбонгул Афзалова ба Шӯъбаи будҷавии факултети механикӣ-технологии донишгоҳи мазкур, 1600 доллар талаб кардааст. Бо гузаронидани чорабиниҳои фаврии тафтишотӣ Муҳаммадҷон Аҳрорӣ ҳангоми гирифтани маблағи 1600 доллари ИМА ба сифати пора дастгир карда шуда ва алайҳи тибқи моддаи 32 Кодекси ҷиноӣ яъне барои амали ришватситонӣ парванда боз карда шуд.