Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кветтаи Покистон инфиҷор ҷони як нафарро рабуд


Инфиҷори баме дар назди маркази тиҷоратии шаҳри Кветтаи Покистон як кушта ва бештар аз 10 нафарро захмӣ барҷой гузошт. Бештари ононе, ки ҷароҳат бардоштанд, занону кӯдакон мебошанд, ки барои Иди Фитр харид мекарданд. Кветта маркази аёлати Балуҷистони Покистон аст.

Мақомоти расмии маҳаллӣ мегӯянд, шахсе, ки дар ин бамгузорӣ кушта шуд, духтари 12 сола будааст. Дар баъзе аз гузоришҳо омадааст, ки як кӯдак ва як зани дагир низ дар ин таркиш кушта шудаанд. Дар Балуҷистон ҷудоихоҳон барои ба даст овардани мухторият аз марказ мубориза мекунанд. Гузашта аз ин, байни пайравони шиа ва суннӣ гаҳ-гоҳе даргириҳои мазҳабӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG