Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти мақомоти Амрико аз барномаи баҳсбарангез


Мақомоти амниятии Амрико ба аъзои Конгресс гуфтаанд, ки барномаи ҳукуматии ҷосусӣ дар дохили кишвар барои гурӯҳҳои маҳдуд нигаронида шудааст ва ҳаққи мардум барои ҳарими хусусиро помол намекунад. Аммо айни замон онҳо эътироф кардаанд, ки ба хотири расидагӣ ба нигарониҳои мардум, ин барномаи ҷанҷолӣ бояд тағйир дода шавад. Вакилони Конгресс ҳам аз Ҳизби Демократ ва ҳам аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ҳукумати Барак Обамаро барои барномаи махфии ҷосусиашон танқид кардаанд, ки бар асоси он маъмурони амниятӣ ҳақ доштаанд, имейлу сабти сӯҳбатҳои телефонии миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Амрикоро ҷамъоварӣ кунанд. Ба гуфтаи ҳукумати Амрико ҷосусӣ дар дохили кишвар ба хотири ба ҳам задани амалҳои эҳтимолии террористӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG