Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Миср дастури ҳабси Муҳаммад Мурсиро содир кард


Муҳаммад Мурсӣ (акс аз бойгонӣ)
Муҳаммад Мурсӣ (акс аз бойгонӣ)
Додгоҳи Миср дастур додааст, ки Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда дар боздошт нигоҳ дошта шавад. Вай аз ҷумла барои куштор ва гуфтугӯҳои пинҳонӣ бо гурӯҳи фаластинии Ҳамас гунаҳгор дониста мешавад.

Рӯзи ҷумъа хабаргузориҳои Миср иттилоъ доданд, ки барои Мурсӣ 15 рӯзи ҳабс ҳукм содир шудааст, то дар ин муддат додситонӣ ба ин иттиҳомот расидагӣ кунад.

Аз сӯи дигар, хабаргузории MENA-и Миср гузориш додааст, ки шахсони наздик ба Мурсӣ дар тамос бо Ҳамас ба тавофуқ расидаанд, ки амалҳои зидди ҳукуматӣ анҷом диҳанд, ба марказҳои пулис, ба афсарони артиш ва ба зиндонҳо ҳамла баранд. Зиндонҳоро оташ зананд ва маҳбусон , аз ҷумла Мурсиро аз зиндон гурезонанд.

Ин дар ҳолест, ки бо даъвати вазири дифоъ дар Миср тазоҳуроти густарда баргузор шуд. Яке аз тазоҳуркунандагон мегӯяд:

“Мардум, артиш ва пулис муттаҳиданд! Мардум, артиш ва пулис муттаҳиданд!”

Тазоҳуроти густарда дар Қоҳира-пойтахти Миср баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG