Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои Чину Ҷопон барои ҷазираҳо ташдид ёфтааст


Киштиҳои муҳофизи соҳилҳои Чин ба обҳои соҳилии ҷазираҳои зери назорати Ҷопон ворид шудаанд. Ин ҷазираҳо мавриди баҳсҳои шадиди ҳудудӣ қарор гирифтааст.
Киштиҳои Чин обҳои соҳилиро дар чанд моҳи охир ба муҳосира дароварда буданд, вале горди наве, ки ахиран Чин ташкил кард, ба соҳили шарқии Ҷазираҳои Баҳрӣ наздик шудааст.

Раёсати давлатии уқёнусии Чин дар Пекин гуфт, чаҳор киштии горди соҳилии кишвараш “ба таври ҷиддӣ эълон кардаанд”, ки ин ҷазираҳо моли онҳост.

Як мақоми расмии горди соҳилии Ҷопон гуфт, “мо талаб кардем, ки обҳои соҳилии моро тарк кунанд”. Ҳафтаи ҷорӣ Чин баъзе аз ожонсиҳои худро ба ҳам муттаҳид кард ва горди нави соҳилӣ ташкил дод.

Ҳоло ҳар ду кишвар Ҷазираҳоро моли худ медонанд ва байни онҳо барои моликият ба он даъво идома дорад.
XS
SM
MD
LG