Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли сиёсатмадоре дар Тунис тазоҳурот барангехт


Қатли яке аз пешвоёни мухолифони давлати исломгарои Тунис, сабаби тазоҳуроти ҳазорон нафар дар ин кишвар шуд. Муҳаммад Браҳимиро рӯзи панҷшанбе афроди ношиноси мусаллаҳ дар назди хонааш дар пойтахт шаҳри Тунис куштанд. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, тазоҳургарон дар назди вазорати умури дохилӣ дар ин шаҳр ва шаҳри Сиди Боязид, зодгоҳи Муҳаммад Браҳимӣ ҷамъ омаданд. Ин сиёсатмадор, узви Ҳаракати Мардумӣ, як созмони тарафдори низоми дунявӣ ва мунтақиди сахти ҳукумат буд. Браҳимӣ ҳамчунин узви шӯрои миллие буд, ки масъули таҳияи тарҳи Қонуни Асосии нав аст. Нави Пиллай, масъули умури ҳуқуқи башари Созмони Милал, қатли Муҳаммад Браҳимиро маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сӯиқасд ба ҷони ӯ шуд.
XS
SM
MD
LG