Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли севвуми маликаи кунунии Британия ба дунё омад


Виллиям ва Кейт (акс аз бойгонӣ)
Виллиям ва Кейт (акс аз бойгонӣ)
Қасри Кензингтон ё қасри маликаи Британия мегӯяд, ки Кейт-хонуми шоҳзода Виллиям писар ба дунё овардааст. Мақомоти Британия мегӯянд, ин фарзанди нави хонаводаи шоҳигарии Британия рӯзи душанбе дар соати 16:24 дақиқа ба дунё омадааст. Вазни кӯдак 3,8 килост.

Бино ба хабарҳо саломати Кейт-модари кӯдак баъд аз таваллад хуб аст. Вай ва кӯдакаш шабона дар бемористон мемонанд. Кӯдаки нав насли севвуми маликаи кунунӣ мебошад. Чарлз-писари малика насли якум ва Виллиям-писари Чарлз насли дуввум мебошад. Ин кӯдак дар оилаи Виллиям фарзанди аввал аст.
XS
SM
MD
LG