Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзодахонуми обистани Бритониёро ба шифохона бурдаанд


Шоҳзодахонум Кейт, ҳамсари обистани шоҳзодаи Бритониё Вилямро барои таввалуд ба шифохонае дар шаҳри Лондон овардаанд. Ӯро субҳи душанбе дар шифохонаи Марями Муқаддас бистарӣ кардаанд, ки дар ҳаминҷо шоҳзодахонум Диана модари Вилям, фарзандонашро таваллуд кардааст. Ба гуфтаи мақомот, шоҳзодахонум Кейт ва ҳамсараш Вилям бо мошин ба шифохона омадаанд ва намедонанд, ки соҳиби духтар мешаванд ва ё писар. Фарзанди Вилям ва Кейт, абераи шоҳи Бритониё хоҳад буд, ки раҳбари ин кишвар ва 15 кишвари дигар, аз ҷумла Канада ва Австралия аст. Вилям ва Кейт моҳи апрели соли 2011 издивоҷ карданд ва ин нахустин фарзандашон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG