Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи қавӣ дар Чин 47 нафарро кушт


Заминларзаи қавӣ дар вилояти Гансуи Чин дасти кам 47 нафарро кушта ва 300 нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст. Пажӯҳишгоҳи Ҷуғрофиёи Амрико мегӯяд, заминларза бо нерӯи 5,9 дараҷа соати ҳафту 45 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Маркази зилзиласанҷии Чин гуфт, ки нерӯи заминларза ба 6,6 дараҷа ва нерӯи пасларзаҳо ба 5,6 дараҷа мерасиданд. Ба гуфтаи хабаргузории Синхуаи Чин, заминларза минтақаҳои Миншиан ва Жаншиан, воқеъ дар 170 километрии шаҳри Ланжоу, маркази маъмурии вилояти Гансуро такон додааст.
XS
SM
MD
LG