Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошпази қотилро дар Покистон дастгир кардаанд


Пулиси Покистон ошпазеро боздошт кардааст, ки дар ивази 500 доллар 22 нафар аз хешовандону ҳаводорони рақиби як сиёсатмадорро заҳр дода куштааст. Содиқ Догар, раиси пулиси шаҳри Майлси дар вилояти Панҷоб рӯзи панҷшанбе гуфт, Арсал Хон Хичӣ, номзад ба мақоми вакилӣ дар маҷлиси маҳаллӣ, ки дар интихоботи моҳи май шикаст хӯрд, қасди ҷони ҷиян ва рақибаш дар интихобот Ҷаҳонзеб Хон Хичӣ кардааст. Ӯ ба ошпаз Муҳаммад Рафиқ пул амр додааст, ки дар таоми хонаводаи Ҷаҳонзеб заҳр андозад. Муҳаммад Рафиқ эътироф кардааст, ки рӯзи 9 июл дар хонаи Ҷаҳонзеб дар таоми 50 нафар заҳр андохта ва нисфи онҳоро ҳалок кардааст. Худи Ҷаҳонзеб Хон Хичӣ дар хона набуда ва эмин мондааст. Дар Покистон ин гуна хусумати хонаводагии сиёсӣ зиёд дида мешавад.
XS
SM
MD
LG