Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби ҳодисаи роҳи оҳани Фаронса харобии роҳ будааст


Ширкати миллии роҳҳои оҳани Фаронса мегӯяд, сабаби берун рафтан аз роҳи оҳан ва ба садама гирифтор шудани қатор зоҳиран харобии роҳи оҳан будааст. Дар ин садама 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Пиер Изард-намояндаи ширкати роҳи оҳан рӯзи шанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки бозрасон пораи оҳанеро пайдо кардаанд, ки ду хати оҳанро пайваст мекардааст.

Субҳи рӯзи шанбе вазири нақлиёти Фаронса гуфт, ки дар ин кор касе даст надорад. Тақрибан 30 нафар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд. Вазъи 8 нафари онҳо сангин аст.

Ин қатори баландсуръат бо 385 нафар мусофир дар 20 километрии шаҳри Порис аз роҳи оҳан берун ва ба садама дучор шуд. Дар 25 соли ахир дар Аврупо ин гуна садамаи нақлиётӣ рух надода буд.
XS
SM
MD
LG