Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон кӯмаки низомӣ ба Мисрро бознигарӣ мекунад


ИМА мехоҳад ҳаҷми кӯмаки низомӣ ба Мисрро бознигарӣ кунад. Бар пояи изҳороти вазорати дифои Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, раисиҷумҳур Барак Обама метавонад дар ин бора дар робита ба барканоршавии раҳбари Миср Муҳаммад Мурсӣ тасмим бигирад. Айни ҳол Кохи Сафед мавзӯеро баррасӣ мекунад, ки барканории Мурсиро метавон чун “кудатои низомӣ” арзёбӣ кард ё хайр. Дар сурати эътирофи ҳаводиси Миср чун кудато ҳаҷми кӯмаки низомии ИМА ба ин кишвар коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамзамон намояндагони Пентагон изҳор намуданд, ки Вошингтон чун пештара мехоҳад ба зудӣ чаҳор ҳавопаймои ҷангии F16-ро дар ихтиёри артиши Миср гузорад. Ҳамасола ИМА ба Миср ба маблағи тақрибан 1 миллиарду 300 миллион доллар кӯмаки низомӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG