Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони "Ихвон-ул-муслимин" боз гирди ҳам меоянд


Имрӯз дар Миср ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ гирдиҳамоӣ доир мекунанд. Ба иттилои ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, дар мавзеъҳои гуногун маросими видоъ бо даҳҳо нафаре баргузор мешавад, ки рӯзи душанбе дар задухӯрдҳо дар канори қароргоҳи низомиён дар Қоҳира ба ҳалокат расиданд. Масъулини ҷунбиш дар марги эътирозгарон низомиёнро айбдор мекунанд. Артиш, дар навбати худ, дар ин ҳодиса гурӯҳи ношиноси “террористҳои мусаллаҳ”-ро муттаҳам кардааст.

Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун хушунати ахир дар Қоҳираро маҳкум намуд ва хостори тафтиши мустақилонаи он шуд.

Аз ин пеш кафили раёсатҷумҳурии Миср Адлӣ Мансур замони баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳуриро муқаррар кард. Бар пояи ин санад, тайи ду ҳафта нишасти Маҷмааи Қонуни асосӣ баргузор мешавад, ки он тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро таҳия хоҳад кард. Қарор аст, ки моҳи феврали соли оянда интихоботи парлумонӣ доир шавад ва баъд аз он санаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ мушаххас хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, шоми чаҳоршанбе, 3 июл, низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро барканор ва Адлӣ Мансур, раиси додгоҳи Қонуни асосии кишварро раҳбари муваққати Миср таъин карданд.
XS
SM
MD
LG