Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Покистон дар бораи Бен Лоден гузориш таҳия кардааст


Ҳукумати Покистон гузоришеро нашр кардааст, ки чӣ тавр Усома Бен Лоден дар давоми тақрибан як даҳсола тавонистааст дар Аббутобод ба сар барад ва вайро натавонанд пайдо кунанд.

Ҳукумат барои ин кор низомиёни кишвараш ва раҳбарони вақтро сахт ба боди интиқод гирифтааст. Ин гузоришро Кумиссиюни Аббутобод таҳия кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки нокомӣ дар пайдо кардани Бен Лоден дар давоми 9 сол нотавонии ҳамаи зинаҳои ҳукумати Покистонро нишон медиҳад.

Ин гузориш аз 336 сафҳа иборат аст ва онро рӯзи душанбе шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира дар торнамои худ чоп кардааст.
XS
SM
MD
LG