Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯ Қатода расман дар терроризм айбдор шуд


Додгоҳи низомии Урдун рӯҳонии ифротгаро Абӯ Қатодаро расман дар даст доштан дар ҳамлаҳои террористӣ айбдор кард. Чанд соат аз ин пеш Абӯ Қатода тавассути ҳавопаймо аз Бритониё ба Урдун истирдод шуда буд.

Додситонӣ хабар дод, ки Абӯ Қатода дар маҳбаси Мувакар, воқеъ дар канори шаҳри Уммон аст ва тайи 15 рӯзи наздик бозпурсӣ хоҳад шуд. Ҳангоми эъломи иттиҳом хабарнигорон ба толори додгоҳ роҳ наёфтанд, ҳамрчанд мақомоти Урдун ваъда дода буданд, ки мурофиа боз сурат мегирад.

Соли 1999 алайҳи Абу Қатода дар ғайбаш иттиҳом эълон шуда буд ва бар пояи қавонини Урдун, шаҳрванди муттаҳам баъди бозгашт аз хориҷи кишвар бояд дубора мавриди бозпурсӣ қарор гирад.

Интизор меравад, ки Абӯ Қатодаи 53-сола иттиҳомро рад кунад.
XS
SM
MD
LG