Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъол шудани як корхонаи ресандагӣ дар Қӯрғонтеппа


Як корхонаи фалаҷшудаи ресандагӣ дар Қӯрғонтеппа пас аз 7 соли бозмондагӣ фаъол шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл иттилоъ дод, ки Корхонаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз дубора фаъол шуд ва дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, ширкат дошт. Ин корхона аз соли 2007 ба ин тараф бо сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани техникаю таҷҳизот ва бо гум кардани рақобатпазирӣ дар бозор, аз фаъолият бозмонда буд.

Корхонаи ресандагӣ бо харҷи 6,5 миллион долларӣ бо насби таҷҳизоти нави Чину Кореяи Ҷанубӣ ба кор андохта шудааст ва бо коркарди нахи пахта маҳсулоти тайёр ба мисли либосворӣ ва куртаҳои мухталиф истеҳсол мекунад. Дар ин корхона дар сол 8,5 ҳазор тонна нахи пахта коркард мешавад. Ҳоло 650 нафар дар корхона ба ҷои кор таъмин шудаанд ва дар назар аст, ки марҳилаи дуюми навсозӣ то тирамоҳи соли равон идома хоҳад кард ва шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG