Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Бағдод 31 кушта бар ҷой гузоштанд


Бар асари силсилаи таркишҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои сериздиҳоми Бағдод, ки рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайвастанд, дасти кам 31 нафар кушта шуда ва беш аз сад тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бомбҳо дар панҷ минтақаи асосан шианишини пойтахти Ироқ мунфаҷир шуданд.

Ба иттилои полис, маводи тарканда дар нӯҳ мошин ҷойгузорӣ шуда буд. Хабаргузории Рейтер навиштааст, ки дар маҳаллаи Шааб якбора ду мошин инфиҷор шуданд, ки бар асари ин ҳашт нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG