Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҷон Керрӣ ва Лавров дар ҳавои моҷароҳои Сновден


Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия дар Бруней дар ҳошияи ҳамоиши кишварҳои узви созмони АСЕАН мулоқот карданд.

Интизор мерафт, ки ҷонибҳо вазъ дар Сурия ва масъалаи Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии кашфи Амрикоро баррасӣ кунанд. Вай то ҳол аз 21 кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст ва Русия яке аз онҳост.

Вале баъд аз мулоқот Сергей Лавров ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар ин мулоқот дар бораи Сновден гуфтугӯ накардаанд, чунки дар ин бора Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия назари худро баён доштааст. Рӯзи душанбе Путин гуфт, ки Сновден метавонад дар Русия бимонад, фақат ба ин шарт, ки ба ҳамкориҳои Русия бо Амрико халал нарасонад.
XS
SM
MD
LG