Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо киберҷиноят мубориза мебарад


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳамоиши дар масъалаи роҳҳои мубориза бо киберҷиноят дар Душанбе гуфт, ки феълан барномаи таъсиси маркази зидди киберҷиноят дар Тоҷикистон дар ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад. Рамазон Раҳимов вазири корҳои дохилӣ рӯзи 2-юми июл дар ин ҳамоиш бо нигаронӣ изҳор дошт, ки мизони киберҷиноят дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва ВКД дар назар дорад, ки дар наздиктарин фурсат Маркази мубориза бо кибеҷиноятро таъсис диҳад. Вай аз намоянадгони кишварҳои Аврупо ва Русия дар ин ҳамоиш тақозо кард, ки барои рушди соҳаи мубориза бо киберҷиноят ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Феълан дар Тоҷикистон танҳо як шуъбаи кӯчаки мубориза бо киберҷиноят дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, фаъол аст.
XS
SM
MD
LG