Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сновден баъд аз хуруҷ аз Ҳонг Конг ба Маскав омад


Эдуард Сновден
Эдуард Сновден
Ҳавопаймои ҳомили Эдуард Сновден, ки аз Ҳонг Конг ба Маскав парвоз мекард ба замин фуруд омад. Сновден корманди пешини қарордодии кашфи Амрикост, ки асрори барномаҳои назоратии Амрикоро ифшо кардааст.

Рӯзномаи "South China Morning Post"-чопи Ҳонг Конг дар шумораи рӯзи якшанбеи худ гузориш додааст, ки Маскав нуқтаи ахири сафари Сновден нест.

Сухангӯи ширкати ҳавоии Аэрофлоти Русия мегӯяд, ки Сновден барои шаҳри Ҳаванаи Куба билет фармоиш додааст. Парвоз ба Куба нисфирӯзии 24 июн сурат мегирад ва Сновден аз он ҷо ба Каракас-пойтахти Венесуэа хоҳад рафт.

Дар Амрико ба Сновден барои ифшо кардани маълумоти маҳрамонаи кашф ҳукми зиндон таҳдид мекунад ва Амрико аз ҳар кишваре истирдоди Сновденро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG