Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ аз "Дӯстони Сурия" хост ба шӯришиён кӯмак кунанд


Ҷон Керрӣ дар мулоқоти "Дӯстони Сурия" дар Доҳа
Ҷон Керрӣ дар мулоқоти "Дӯстони Сурия" дар Доҳа
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз гурӯҳи кишварҳои “Дӯстони Сурия” хост, ки кӯмакҳои низомии худ ба шӯришиёни Сурияро, ки бар зидди режими Башор Асад мубориза мекунанд, оғоз намоянд.

Дар мулоқоти Доҳа Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико, вазирони корҳои хориҷаи Британия, Мисру Фаронса, Олмону Италия, Урдуну Қатар, Арабистони Саъудиву Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат доранд.

Рӯзи шанбе Ҷон Керрӣ дар мулоқоти 11 кишвари “Дӯсти Сурия” дар Доҳа-пойтахти Қатар гуфт, барои таҳкими мавқеи шӯришиён ба онҳо кӯмаки бештар зарур аст, то аз ин мавқеъ ба музокира бо ҳукумати Сурия биншинанд.

Ҷон Керрӣ ба намояндагони Амрикову Аврупо ва қудратҳои минтақа гуфт, интизор меравад, ки музокироти сулҳи Сурия тобистони соли ҷорӣ дар Женева баргузор шавад ва ҳадафи он хатми ҷанги дусола дар Сурия мебошад.
XS
SM
MD
LG