Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Facebook 6 млн нафар аз мушкили нармафзор зарар дидаанд


Facebook мегӯяд, бино ба мушкили пешомада дар нармафзор шумораҳои телефон ва адреси электронии тақрибан 6 миллион нафар корбарон нодуруст истифода шудааст. Бино ба изҳороти Facebook, мушкил дар афзори “Download Your Information” будааст.

Ба гуфтаи Facebook, ин мушкил ба афроде, ки дар феҳристи якдигар ҳастанд иҷоза додааст, ки дар адреси электронӣ ва ё дар шумораҳои телефонашон ба маълумоти якдигар дастрасӣ пайдо кунанд.

Чунин кор метавонист замоне рух диҳад, ки муштариён аз бойгониҳои худ тавассути афзори “Download Your Information” ҳуҷҷатҳо ё маводи дигарро гирдоварӣ мекарданд.
Facebook мегӯяд, ба чунин одамоне, ки аз ин мушкил осеб дидаанд, нома хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG