Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷид дар зиндони Невянскии вилояти Свердловск


Дар рӯзи ифтитоҳи масҷид дар зиндони низомаш сангини шаҳри Невянски вилояти Свердловск, ҳайате аз Консулгарии Тоҷикистон дар Екатерингбург, намояндагони Раёсати маҳбасҳои Свердловс, имоми масҷиди ҷомеи ин вилоят ҳузур доштанд.
Сомонаи “IslamRF.ru” рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки дар расми ифтитоҳи ин масҷид дар зиндони Невянск, намояндагони консулгарии Тоҷикистон ба зиндониён «Маҷмуъаи ашъори шоъирони классики тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ тақдим кардаанд. Масҷид барои 300 мусалмоне, ки дар ин зиндон давраи ҷазои худро адо мекунанд, ифтитоҳ шудааст, ки 100 нафар метавонад дар он намоз гузорад. Қаблан дар ҷои ин масҷид як утоқи кучак барои намозгузорӣ будааст. Сохтмони ин масҷид дар моҳи июни соли 2012 оғоз шуда ва барои аввалин бор 19 июни соли равон дар он садои азон баланд шуд. Дар сохтмони масҷид аслан зиндониёни мусалмон ширкат кардаанд ва имоми он як зиндонӣ-шаҳрванди Тоҷикистон Шодмон Зардов интихоб шудааст. Имоми масҷид Шодмон Зардов мегӯяд, ҷамъияти бародарони мусалмон дар ин зиндон бузург аст ва 300 нафарро дар бар мегирад. Дар гузашта дар ин зиндон барои масеҳиён низ калисо сохта шуда буд, ки дар он 56 нафар зиндонӣ ибодат мекунанд. Ин калисо дар соли 2005 бо дасти зиндониёни масеҳӣ сохта шуда ба номи Княз Владимир номгузорӣ шудааст, ки ҳар якшанбе Роҳиб ба зиндониён дарс медиҳад. Як масъулин зиндони мегӯяд, ки акнун масҷид сохта шуд ва ҳар ҷумъа имом дар он ба зиндониён аз ислом таълим медиҳад. Тавре Дафтари матуботи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Свердловк гуфтааст, дар зиндонҳои ин вилоят ҳудуди 2500 зиндониёни мусалмон ҳастанд, ки барои намозгузории онҳо 7 утоқ ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG