Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз се як ҳиссаи коҳиши аслиҳаи ҳастаиро пешниҳод мекунад


Як мақоми аршади Амрико мегӯяд, президент Барак Обама ба нақша гирифтааст, ки суханронӣ ва дар он пешниҳод кунад, ки Амрикову Русия аз се як ҳиссаи кулоҳакҳои ҳастаии худро нобуд созанд. Обама дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар Берлин суханронӣ мекунад.

Дар чаҳорчӯбаи Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стратегӣ дар ҷараёни боздиди Обама аз Маскав дар давраи аввали раёсаташ давлати Амрико бо Русия ба тавофуқ расиданд, ки ҳар як аз ҷонибҳо аслиҳаи ҳастаии стратегии худро 1550 адад коҳиш диҳанд. Сипас дар чаҳорчӯбаи тавофуқоти мазкур ҳар як аз ҷонибҳо аз захираҳои худ 1000 аслиҳа кам хоҳанд кард.

Мақоми амрикоӣ мегӯяд, Обама ҳамчунин пешниҳод хоҳад кард, ки Амрико ва Русия шумораи аслиҳаи ҳастаии тактикии худро дар Аврупо коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG