Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи ҷавобии Зуҳуров ба Тошканд дар мавриди ТАЛКО


Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 10 июн муроҷиатномаи раиси Палатаи қонунгузории парлумони Узбакистон Дилором Тошмуҳаммадова дар бораи асароти фаъолияти корхонаи алюминсозии ТАЛКО ба муҳити зисти навоҳии ҳаммарзи Узбакистонро баррасӣ кард.
Дар номаи ҷавобӣ ба раиси парлумони Узбакистон бо имзои раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод шудааст, ки ба ҷои “айбкоркунии тарафайн” парлумонҳои ду кишвар бояд муколамаро бар сари масоили доғи мавҷуда дар равобити Тошканду Душанбе шурӯъ кунанд.
ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, тақрибан нисфи содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши алюминиуми сохти ҳамин корхона ба даст меояд. Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз асароти ин корхона ба муҳити зисти кишвараш ба дабири кулли СММ Бан Ки Мун расман шикоят навишт.
XS
SM
MD
LG