Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар 5 моҳ 11 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст


Дар давоми 5 моҳи гузашта тақрибан 11 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ гардидаанд ва барои риоят накардани қонунҳои муҳоҷират аз муҳоҷирон 2 миллиард рубли русӣ ҷарима ситонида шудааст. Дар ин бора Хадамоти Федеролии Муҳҷирати Русия ба матбуот хабар додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, ҳоло дар Русия тақрибан 1,8 миллион нафар қарордоди корӣ доранд. Аз онҳо 23,5 ҳазор нафар чун муттахассис ва муттахассиси варзида кор мекунанд.

Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки барои 71 ҳазор нафар иҷозаи муваққатии зист содир кардааст ва 40 ҳазор нафар ҳақи иқомати доимӣ гирифтаанд.
Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG