Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари обхезӣ дар Прага коҳиш ёфт


Дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, хатари обхезӣ коҳиш ёфт, вале вазъ дар манотиқи шимолии кишвар ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Мақомоти ҳукуматӣ мегӯянд, ки дар бораи ба таври назаррас паст шудани сатҳи оби рӯдхонаи Влтава ҳарф занад ҳанӯз барвақт аст, вале ба зудӣ гурӯҳҳои изтирорӣ на ба мустаҳкамсозии соҳилҳои ин дарё, балки ба рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар сартосари кишвар машғул мешаванд. Барои дубора барқарор кардани манотиқи осебдида, ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, вақти зиёд ва миллиардҳо крон маблағ сарф хоҳад шуд.

Дар Олмон, ҳамсоякишвари Чехия, вазъ бадтар аст, обхезӣ дар манотиқи гуногуни он идома дорад.

Аз обхезӣ, ки паёмади боронгариҳои шадид аст, ҳамчунин Австрия, Швейтсария, Лаҳистон, Словакия ва Венгрия зарар диданд. Бар асари офати табиӣ 11 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG