Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар ду шаҳри Туркия идома кард


Шаби гузашта тазоҳурот дар шаҳрҳои Истанбул ва Анкараи Туркия идома кард. Маҳалли аслии тазоҳурот майдони Тақсими Истанбул оромтар буд ва пулиси зиддишӯриши Итолиё мошинҳои зиреҳпӯшашро аз онҷо ақиб кашид. Пештар аз ин нерӯҳои пулис дар Анкара ва Истанбул дигарбора тазоҳургаронро бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпош пароканда карданд. Рӯзи дуввум аст, ки тазоҳурот дар гӯшаҳои мухталифи Туркия идома дорад ва дар ин муддат 900 нафар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи табибон дар муноқишаҳо дар Истанбул тақрибан 1000 нафар захмӣ шудаанд. Рӯзи шанбе Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, хостори хотимаи тазоҳурот шуд. Намоишҳои эътирозӣ аввал алайҳи барномаи тағйири парку дарахтзори майдони Тақсим буд, вале баъдан ба тазоҳурот алайҳи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ табдил ёфт.
XS
SM
MD
LG