Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл қарордод бо Сурияро иҷро мекунад


Юрий Ушаков
Юрий Ушаков
Юрий Ушаков-ёвари раиси ҷумҳури Русия аз ҳуқуқи ҳукумати ин кишвар барои таъмини Сурия бо аслиҳа дифоъ кард. Ушаков рӯзи ҷумъа гуфт, ки Русия қарордодҳои мавҷудаи таъмини аслиҳа бо Димишқро иҷро мекунад, вале қарордоди нав имзо нахоҳад кард.

Пештар Сергей Коротков-раиси умумии ширкати ҳавопаймосозии МИГ гуфт, ки дар Маскав бо ҳайати намояндагии Сурия музокира идома дорад ва дар ҷараёни он масъалаи марбут ба додани ҳавопаймоҳои ҷангии МИГ-29 ба Сурия рӯшан хоҳад шуд.

Коротков гуфт, тибқи нақша бештар аз 10 адад аз ин ҳавопаймоҳо дар ихтиёри Сурия гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG