Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони тоҷик дар Абхозистон банд мондаанд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки 20 шаҳрванди ин кишвар дар Абхозистон, як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон банд монданд. Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар воқеъ наздики 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Абхозистон кору зиндагӣ мекунанд ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки наметавонанд ба Русия ворид шаванд». Ҷаноби Қодирӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз марзи Абхозистон ва вуруд ба қаламрави Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин рӯ Хадамоти Муҳоҷират ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки зимни сафар ба Абхозистон ба мушкилот рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, зеро Тоҷикистон бо ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон равобиту муносиботи дипломатӣ надорад. Абхозистон, худро кишвари мустақил хондааст, вале онро ба истиснои Русия ва чанд кишвари дигар, ҷомеаи байналмилал ба расмият намешиносад.
XS
SM
MD
LG