Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА силоҳи навро озмоиш мекунад


Ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дрони навъи X-47B
Ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дрони навъи X-47B
ИМА як ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дронеро, ки баробари ҳавопаймои ҷангӣ андоза дорад, аз киштии ҳомили ҳавопраймоҳо ба ҳаво фиристодааст.

Озмоиши дрони X-47B рӯзи сешанбе дар киштии "U.S.S. George H.W. Bush" дар обҳои аёлати Вирҷинияи ИМА ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳавопаймоҳи бидуни сарнишин, ки аз киштиҳо ба ҳаво хоҳанд хест, зарурати гирифтани иҷозат барои истифодаи пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои мухталифро аз байн мебаранд.

Ин иқдоми ИМА дар ҳоле сурат гирифтааст, ки танқиди истифодаи дронҳо афзоиш меёбад. Одатан ИМА ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро барои таъқиби афроди муттаҳам бо терроризм истифода мебарад.

Коршиносони мегӯянд, андоза дрони X-47B аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини навъи Predator, ки феълан истифода мешаванд6 се баробар бузургтар аст.
XS
SM
MD
LG