Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши захираи тиллои Тоҷикистон поин рафт, сабаб чист?


Арзиши захираи тиллои Тоҷикистон поин рафтааст. Сабаб ин аст, ки нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафтааст, вале миқдори захираи тиллои Тоҷикистон кам нашудааст. Дар ин бора Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Азия Плюс” хабар додааст.

Ҳоло арзиши ин захира 950 миллион долларро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар поёни соли 2012 ҳамин захира 22 миллион доллар бештар арзиш дошт.

Ин захира дар Бонки Миллии Тоҷикистон, дар бонкҳои Шветсария, Омон ва Амрико нигаҳдорӣ мешавад. Дар поёни соли 2011 ин захира 801 миллион доллар буд.
XS
SM
MD
LG