Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи расмии додситонӣ дар бораи Зайд Саидов


Додситонии шаҳри Душанбе расман эълом кард, ки алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва аз мубтакирони асосии таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав бо иттиҳоми бисёрзанӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар баёнияи додситонӣ, ки хабаргузории расмии “Ховар” нашр кард, омадааст, бино ба маълумоти мавҷуд Зайд Саидов, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон, бо чаҳор зан зиндагӣ мекунад ва аз ҳамаи онҳо 10 фарзанд дорад. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон бисёрзанӣ мамнӯъ шудааст ва ҷазои он ҷаримаи бузург ва ё ҳатто то ду сол корҳои ислоҳист. Пештар Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ҳам эълон кард, ки алайҳи масъулони ширкати “Тоҷсохтмон Байналмилал”, Зайд Саидовро яке аз моликони он медонанд, бо иттиҳоми аз худ кардани молу мулки ғайр ва сохтакории санадҳои муҳосиботӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи оҷонсӣ, ширкати мазкур зимни сохтани бинои “Душанбе Плаза” 400 ҳазор долларро аз роҳи ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Зайд Саидов моҳе пеш бо гурӯҳе аз донишмандон ва иқтисоддонҳои тоҷик эълом кард, ки қасд доранд, ҳизби наве бо номи Тоҷикистони нав таъсис диҳанд.
XS
SM
MD
LG