Мақомоти Чин мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба зудӣ дар он кишвар сафари давлатӣ анҷом медиҳад. Ҳуа Чунйинг, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш рӯзҳои 19 ва 20 май сурат мегирад. Чин аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон аст ва тайи чанд соли ахир тақрибан 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон барои бунёди роҳу шабакаҳои интиқоли барқ ва иншооти дигар қарз додааст.