Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файзи Олӣ: «Умедворам додгоҳ ҳукми одилона содир хоҳад кард»


Қарор аст нимаи дувуми имрӯз, рӯзи ҷумъаи 10-уми май, Додгоҳи Олӣ ҳукми худро нисбати Шерик Карамахудоев ва Димон Ашӯров эълом кунад.

Ин аст, ки Файзи Олӣ, вакили дифои Шерик ва Димон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ибрози умедворӣ кард, ки Додгоҳи Олӣ нисбати ин афрод, ки ҷинояти сангине содир накардаанд, ҳукми одилона содир кунад.

Вай гуфт, ки тамоми Бадахшон ва ҳатто Тоҷикистон ба ин ду қазияи додгоҳӣ бо таваҷҷуҳ менигаранд ва хоҳони мунсифона ва одилона амалкардани Додгоҳи Олӣ ҳастанд. Зеро ба таъкиди Файзи Олӣ, зерҳимояааш Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши хоруғии ҲНИТ, зимни ироаи сухани охирини худ танҳо як иттиҳомро эътироф кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти тафтишот Шерик Карамхудоевро дар «созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ», «ширкат дар беназмиҳои оммавӣ», «зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ» ва «ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ» айбдор мекунад ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ӯ 15 соли зиндон хостааст.

Аз сӯи дигар ба иддаои Файзи Олӣ, Димон Ашӯров, яке дигар аз муттаҳамон аслан дар ҳеҷ ҷинояте даст надорад. Аммо нисбати ин фард 6 иттиҳом эълоншуда ва айбдоркунанда барои ӯ аз додгоҳ 13 сол ҳукми зиндон пурсидааст.

Файзи Олӣ, ки яке аз чаҳор вакили дифои ин муттаҳамон аст, мегӯяд, қазияи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дорои ангезаи сиёсӣ аст ва онҳо набояд қурбони сиёсатҳо гарданд. Ба ин далел вай чунин мепиндорад, ки «агар додгоҳ бар асоси қонун амал кунад ва сиёсатро як тараф гузорад, ин афрод на 13 ва 15, балки камтарин ҷазо ба 7-8 сол маҳкум гарданд. Дар ин сурат ҳам Файзи Олӣ бар ин бовар аст, ки ин ҷазо низ нисбати ҳар ду муттаҳам зиёд аст.

Зимнан, Шерик Карамхудоев моҳи июли соли 2012, дар ҷараёни амалиёти зидди нирӯҳои худсар дар Хоруғ боздошт шуда буд. Димон Ашӯровро, ки дар нооромиҳои Хоруғ ҷароҳат бардошта, дар Чин табобат мегирифт, бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз ин кишвари ҳамсоя истирдод карданд. Пайвандони ҳарду парвандаҳои алайҳи онҳоро сиёсӣ меноманд, вале мақомот мегӯянд, ки Карамхудоев ва Ашӯров барои ҷиноёти мушаххас муҳокима мешаванд.

Мурофиаи Карамхудоев ва Ашӯров дувумин мурофиаи марбут ба амалиёти соли гузаштаи Хоруғ аст, ки рӯзи 24 июл бо талаби ба мақомот таслим кардани афроди гумонбар дар қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфта, қариб 70 кушта ба ҷо гузошт. Рӯзи 28 феврал бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров ду гумонбари асосӣ дар ин ҷиноят – Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов – ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG