Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухани охирини Шерик Карамхудоев


Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши хоруғии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сухани охиринаш дар Додгоҳи олӣ танҳо як иттиҳомро эътироф кард.

Файзи Олӣ - вакили дифои Шерик Карамхудоев рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояи вай дар мурофиаи ниҳоии Додгоҳи олӣ таъкид кардааст, ки ба истиснои иттиҳоми ҳифзи ғайриқонунии силоҳ дигар айбҳоро эътироф намекунад: «Шерик Карамхудоев гуфт, ки моддаи 195- ро ҳам ба хотири он қисман эътироф мекунад,ки ба зӯрӣ ба гардани вай гузошта шудааст.»

Тафтишот Шерик Карамхудоевро дар «созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ», «ширкат дар беназмиҳои оммавӣ», «зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ» ва «ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ» айбдор мекунад ва айбдоркунандаи давлатӣаз додгоҳ барои ӯ 15 соли зиндон хостааст. Вакилони дифоъи Шерик Кармхудоев зерҳимояи худро бегуноҳ меҳисобанд ва мегӯянд, ки ӯ иттиҳоми ҳифзи силоҳро низ таҳти фишор эътироф кардааст.

Рӯзи 6 май Димон Ашӯров низ дар сухани охиринаш дар додгоҳ аз 6 иттиҳоми алайҳаш эълоншуда танҳо якеро ба гардан гирифт. Айбдоркунанда барои ӯ аз додгоҳ 13 сол ҳукми зиндон пурсидааст.

Бо ҳамин, мурофиаи муштараки Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дар Додгоҳи олӣ ба охир расид ва ба қавли вакили дифоъ Файзи Олӣ, додрас пас аз баррасии иддаои ҷонибҳо дар хонаи машваратӣ ҳукми худро эълон хоҳад дошт.Вале дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ мегӯяд, ки парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев бисёр ҳассос аст ва ҳукми онҳо шояд дар зарфи се рӯзи оянда, яъне то рӯзи ҷумъа содир шавад.

Шерик Карамхудоев моҳи июли соли 2012, дар ҷараёни амалиёти зидди нирӯҳои худсар дар Хоруғ боздошт шуда буд. Димон Ашӯровро, ки дар нооромиҳои Хоруғ ҷароҳат бардошта, дар Чин табобат мегирифт, бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз ин кишвари ҳамсоя истирдод карданд. Пайвандони ҳарду парвандаҳои алайҳи онҳоро сиёсӣ меноманд, вале мақомот мегӯянд, ки Карамхудоев ва Ашӯров барои ҷиноёти мушаххас муҳокима мешаванд.

Мурофиаи Карамхудоев ва Ашӯров дувумин мурофиаи марбут ба амалиёти соли гузаштаи Хоруғ аст, ки рӯзи 24 июл бо талаби ба мақомот таслим кардани афроди гумонбар дар қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфта, қариб 70 кушта ба ҷо гузошт. Рӯзи 28 феврал бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров ду гумонбари асосӣ дар ин ҷиноят – Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов – ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бо қарори коллегияи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Ҳамза Муродов - яке аз муттаҳамон ба қатли генерал Абдулло Назаровро 6 моҳ кам кард. Вакили мудофеъ Файзи Олӣ ба Озодӣ гуфт, ки онҳо ба раёсати Додгоҳи олӣ муроҷиат кардаанд, ки ҳукми Муродовро боз ҳам камтар кунанд. Ҳамза Муродов ва Оқил Аёмбеков моҳи феврал бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров ба 16 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Вакилони мудофеъ ба далели бори аввал ҷиноят содир кардану ҷавон будани Муродов, шароити вазнини оилавӣ ва ширкати бевосита надоштанаш дар куштор аз додгохи таҷдиди назар хостаанд, ки ҳукми ӯро коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG