Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Димон Ашӯров қазияи писарашро "сиёсӣ" хонд


Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров.
Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров.

Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров зимни муроҷиат ба президенти Тоҷикистон, қазияи писарашро «сиёсӣ» хонда ва хостори расидагии одилонаи парванда шудааст.

Зеро ба гуфтаи вай, ду ҳафта қабл вай аз Додситонии кулли Тоҷикистон мактуби расмиеро дарёфт кард, ки дар он писараш Димон Ашӯров ба қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешуд.

Аммо модари Димон Ашӯров мегӯяд, чанд рӯз баъд, аз Додситонӣ ба вакили мудофеаш хабар доданд, ки парвандаи зерҳимояаш бар иловаи иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ, муқобилият нишон додан ба намояндаи ҳокимият ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ба Додгоҳи Олӣ фиристонда мешавад.

Ба ин далел, Зебо Мамадназарова иттиҳомоти воридаи изофашударо ғайриқонунӣ мешуморад ва аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар хостааст, то барои ҳали қонунии қазияи писараш мусоидат кунад.

Дар Додситонии вилоят таъйид карданд, ки онҳо мактуби Додситонии куллро ба дасти Зебо Мамадназарова супурданд. Ба гуфтаи як намояндаи Додситонии вилоят, дар ин мактуб гуфта мешуд, ки Димон Ашӯров ба қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам шудааст.

Манбаъ афзуд, аммо агар иттиҳомоти дигаре нисбати боздоштшуда ворид гардида бошанд, ин чунин маънӣ дорад, ки гуруҳҳое ҳастанд, аз эътидоли вазъ дар минтақа манфиатдор намебошанд.

Ба дунболи фирори Димон Ашӯров аз бемористони вилоятӣ ба Чин барои идомаи муолиҷаи пойҳои шикастааш, додситони вилоят дар ҳузури намояндаи прокурарураи генералӣ ба хабаргузориҳо гуфт, ки агар ӯ намегурехт, дар сурати ҷуброни зарари молӣ, муҷозоти ғайриҳабсӣ мешуд, вале акнун ба фирор низ муттаҳам мегардад.

Мактуби Додситонии кулли Тоҷикистон ба модари Димон Ашӯров.
Мактуби Додситонии кулли Тоҷикистон ба модари Димон Ашӯров.
Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз истирдоди Димон Ашӯров аз Урумчӣ ба Душанбе ва интиқолаш ба боздоштгоҳи КДАМ, пас аз чанд муддат парванда «махфӣ» эълон шуд.

Аммо мақомоти шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хоруғ иттиҳомоти ташкили бетартибии оммавиро нисбати касе дар ҳаводиси Хоруғ бепоя хонда гуфтанд, ки дар ҷараёни ҳаводиси Хоруғ, бетартибиҳои оммавӣ ба қайд гирифта нашудааанд ва шаҳрвандон ҳадафмандона дар майдон ҷамъ меомаданд.

Гуфта мешавад, дар эътирози калонтарин ва охирин, ки ба дунболи кушта шудани Имумназар Имумназаров рух дод, Димон Ашӯров бинобар қабл аз ин ҳаводис боздошт гардиданаш, ширкат надошт.

Қаблан дар мулоқоти раиси вилоят бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бо нигаронӣ аз кашолакорӣ дар баррасии парвандаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров, ки ҳар ду дар маҳбаси КДАМ қарор доранд, мақомоти амниятӣ ба он муттаҳам гардиданд, ки мехоҳад ин парвандаҳоро барои сафед намудани амалиёти рӯзи 24-уми июли соли гузаштаи мақомоти қудратӣ дар Хоруғ, ки аз ҳар ду тараф мунҷар ба ҳалокати ҷонӣ гардид, истифода кунад ва аз ин рӯ ин парвандаҳо хусусияти сиёсӣ касб карданд.
XS
SM
MD
LG