Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Димон мегӯянд, намедонанд, ки ӯ дар куҷост


Димон Ашӯров
Димон Ашӯров

Наздикони Димон Ашӯров, ки аз Чин ба Душанбе истирдод шудааст, мегӯянд, мақомот ҷои нигаҳдории ӯро ифшо намекунанд.

Ғайрат Ашӯров, бародари Димон Ашӯров, мегӯяд, ҳарчанд мақомот аз истирдоди бародараш аз Чин ба Тоҷикистон хабар додаанд, вале то ҳол ҷои нигаҳдории ӯ маълум нест. Рӯзи 9-уми январ додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Димон Ашӯров аз роҳи қонунӣ аз Чин ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Ғайрат Ашӯров мегӯяд, онҳо барои огоҳӣ ёфтан аз вазъи бародараш ба Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Вале ҳамон тавре Ашӯров гуфт, дар ҳардуи ин ниҳод ҳам аз макони нигоҳдории Димон изҳори бехабарӣ кардаанд.

Наздикон Димон бовар доранд, ки ниҳодҳои амниятӣ ҷои нигаҳдории ӯро пинҳон медоранд ва ба наздикону вакили мудофеъ имкони мулоқот фароҳам намеоранд. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январ ба таври расмӣ дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки Димон Ашӯров тобистони соли 2012 бо гумони қаллобӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон худро партофта, ба беморхона афтид. Ба қавли додситони кул, Ашӯров моҳе қабл бо мусоидати корманди милисаи Бадахшон ба Чин фирор карда, рӯзи 8-уми январ мувофиқи муоҳидаи Тоҷикистону Чин аз Урумчӣ ба Душанбе истирдод шуд ва, акнун ӯ на фақат барои қаллобӣ, балки барои фирор аз беморхонаи Хоруғ, муттаҳам мешавад

Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад, қазияи писари истирдодшудааш одилона баррасӣ гардад. Модари боздоштшуда мегӯяд, сафари писараш ба Чин "як амри зарурӣ" буд, чун дар паи муолиҷаи ноком дар бемористони Хоруғ вай маҷбур шуд барои барқарорсозии пойҳояш ба Чин равад. Вале модари гумонбар мегӯяд, ки мақсади писараш аз сафар ба Чин гурез аз ҷавобгарӣ нест ва агар мақомот имкон медоданд, баъди табобат Димон ихтиёран ба Тоҷикистон баргашта дар назди қонун ҷавоб мегуфт.
XS
SM
MD
LG