Ба гуфтаи додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муҳаммад Арбобов, тафтишот муайян кард, ки Димон Ашӯров аз гузаргоҳи марзии Қулма гузашта, ба Чин паноҳ бурдааст. Анун нисбати Димон Ашӯров дар робита бо ҳодисаи фирор аз ҳабс парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситон афзуд, ки бемор бо роҳи фиреб посбонро дар ғафлат гузошта, фирор кардааст ва нисбати пулис аз рӯйи моддаи хунукназарӣ ба иҷрои вазифаи хидматӣ парванда боз шудааст. Аммо наздикони Ашӯров мегӯянд, рафтори кормандони умури дохилӣ сабаби маъюбии боздоштшуда гардид ва ӯро маҷбур ба сафар кард. Дар роҳ ба Чин Димон Ашӯровро додараш ҳамроҳӣ кардааст ва додситонӣ вайро дар мусоидат ба фирори маҳбус муҷрим медонад.
Ба гуфтаи додситон, Димон Ашӯров ҳанӯз чанд сол қабл аз ҳаводиси моҳи июли Хоруғ ба қаллобӣ дар муомилоти хариду фурӯши воситаи нақлиётӣ муттаҳам шуда, таҳти пайгард қарор дошт ва ба ин сабаб боздошт гардид. Додситон баён дошт, ки аммо бо назардошти вазъи саломатии боздоштшуда, дар сурати пардохт намудани ҳаҷми зарар ба даъвогар Д.Ашӯров фақат ҷарима мешуд ва ба мақоми тафтишотӣ ангезаи фирори маҳбус номаълум боқӣ мемонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки модари Димон Зебогул Мамадназарова ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки писараш фирор накардааст,балки барои он, ки аз дарди шадиди пойҳои ҷарроҳишудааш азият мекашид, барои муолиҷа ба Хитой ё Чин рафтааст. Ба гуфтаи модари фирорӣ вай аз қасди писараш огоҳӣ надошт, аммо писараш дар бемористони вилоятӣ чандин маротиба ҷарроҳӣ шуда, беҳбуд наёфт ва маҷбур шуд, ки барои шифо ёфтан дар хориҷи кишвар мадад ҷӯяд. Зебогул Мамадназаров гуфт: “Писарам барои он ба Хитой рафт, ки 5 ҷарроҳӣ шуд, пояш ягон бор нагирифт, шабҳо ҳамин қадар дод мезад, гиря мекард, ки сӯзанҳои сахттарин ҳам ба вай таъсир намекарданд. Бори панҷум пояшро ҷарроҳӣ карданд, чирк кард. Мо намедонистем, ки вай меравад, аз раёсати корҳои дохилӣ иҷозат гирифтанӣ шуд, намонданд, ки равад, гуфтанд, бояд ҳамон делаи тафтишотӣ тамом шавад.”
Аммо додситони вилоят мегӯяд, ки пас аз муолиҷаи тӯлонӣ ҳолати бемор ба беҳбуд рӯ оварда, ӯ ниёзе ба муолиҷа дар хориҷи кишварро надоштааст ва танҳо хостааст, аз ҷазо наҷот ёбад.
Димон Ашӯровро рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ дар постгоҳи Хоруғ боздошт карда, барои пурсиш ба раёсати корҳои дохилаи вилоят оварданд. Аммо дастгиршуда аз ошёни саввуми утоқи бинои раёсати умури дохилӣ худро ба замин партофта, осеби сахти ҷисмонӣ гирифт. Мудири шӯъбаи осебшиносии бемористони вилоятӣ Фарҳод Шобозов гуфт: “Бемор бо шикасти пӯшидаи парахчадори гарданаки рони пойи чап ва шикасти кушодаи парахчадори устухони соқи калони пойи рост ба шӯъба дохил шуд ва ҳолаш вазнин буд, зеро аз ошёнаи саввум афтида буд ва баъди ду ҳафта ҷарроҳӣ гузаронида шуда, баъди ҷарроҳиҳои ҳолати бемор қаноатбахш буд, лекин пойи рости бемор захм фасоддор шуд ва муддати тулонӣ дар шӯъба табобат мегирифт."
Модари Димон мақомоти умури дохилиро муттаҳам мекунад, ки муносибати онҳо ба писараш ҳангоми боздошт боиси маъюб шудани писараш гардид. Ба гуфтаи вай, бадрафтории маъмурони пулис ва тарс аз азобу шиканҷа ва ба гарданаш бор кардани гуноҳҳои дигар писарашро маҷбур кардааст, ки худро аз ошёнаи саввуми бинои раёсати умури дохилӣ поён партояд.
Димон Ашӯров тахминан рӯзҳои 28-ум ва ё 29-уми ноябр аз бемористон фирор карда, ба гузаргоҳи марзиии байни Тоҷикистону Чин интиқол дода шудааст. Аммо чӣ тавр маҳбус тавонист, раводиди сафар ба кишвари хориҷиро дарёфт кунад ва ба мумониат аз марз гузарад, суолест, ки мақомоти тафтишотӣ ба он посух меҷӯянд.