Ғайрат Ашуров, бародари Димон, рӯзи 9-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони амниятӣ Димонро ба пайвандон нишон надода, аз толори ҳавопаймо бо аробаи маъюбӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бурдаанд.
Ғайрат илова кард, ки талоши хешовандону наздикони Димон, ки шоми дирӯз дар фурудгоҳи Душанбе ба пешвозу мулоқоти ӯ омада буданд, бенатиҷа анҷом ёфт.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар мавриди Димон Ашӯров гуфт, ки мувофиқи муоҳидаи Тоҷикистону Чин ӯ ба Душанбе истирдод шуд. Шерхон Салимзода Ашӯровро дар он муттаҳам мекунад, ки ӯ сарфи назар аз он, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад, аз беморхонаи Хоруғ фирор карда ба Чин рафтааст.
Қаблан Ғайрат Ашӯров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте бародарашро дар беморхонаи Урумчӣ ҳамроҳӣ мекард, гуруҳи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Чин ба назди онҳо омада гуфтаанд, Димон Ашӯров дар пайгарди мақомоти интизомии Тоҷикистон қарор дорад ва пас аз табобат бояд таслим карда шавад. Ба қавли Ғайрат, онҳо то ҳол намедонанд, ки бародараш чӣ гуноҳе кардааст ва барои чӣ мавриди пайгард қарор дорад.
Димон Ашӯров, ки дар Бадахшон бо номи Давлатбек маъруф аст, рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба раёсати корҳои дохилии вилоят оварда шудааст. Аммо дастгиршуда аз ошёни саввуми утоқи бинои раёсати умури дохилӣ худро ба замин партофта, осеби сахти ҷисмонӣ гирифт.
Димони маъруф бо Давлатбек яке наздикони собиқ фармондеҳи мухолифин, Имомназар Имомназаров арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли 2012, ба дунболи амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Хоруғ, кушта шуд. Додситонии вилояти Бадахшон гуфтааст, Димон Ашӯров ҳанӯз чанд сол қабл аз ҳаводиси моҳи июли Хоруғ ба қаллобӣ дар муомилоти хариду фурӯши воситаи нақлиётӣ муттаҳам шуда, таҳти пайгард қарор дошт ва ба ин сабаб боздошт гардидааст.
Ба қавли додситон, ҳоло нисбат ба Димон Ашӯров дар робита бо ҳодисаи фирор аз ҳабс парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо наздикони Ашӯров мегӯянд, рафтори кормандони умури дохилӣ сабаби маъюбии боздоштшуда гардид ва ӯро маҷбур ба сафар кард.