Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиъаи ду парвандаи марбут ба ҳодисаҳои Хоруғ дар Додгоҳи олӣ


Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев дар паси дарҳои баста оғоз кард.

Дар рӯзи аввали он вакили дифоъ ва наздикони айбдоршавандагон аз шеваи баргузории мурофиа эътироз карданд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров мегӯяд, дар рӯзи аввал норизоиятии худро аз навҳаи баргузории мурофиа эълон дошт: «Ман аз додгоҳ дархост кардам, ки чун тамоми ҷиноятҳое, ки нафари таҳти ҳимояти ман муттаҳам мешавад, дар шаҳри Хоруғи Кӯҳистони Бадахшон содир шудаанд, мурофиа ӯ низ дар он ҷо сурат гирад. Як додгоҳи сайёр кунанд ва дар он ҷо мурофиа шавад, аммо ин дархост пазируфта нашуд.»

Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъ
Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъ
Нуриддин Расулов, додраси Додгоҳи олӣ дар оғози мурофиаи додгоҳӣ эълон дошт, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар симои Додситонии кулли Тоҷикистон Димон Ашӯров, сокини шаҳри Хоруғро аз рӯи панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ – 187 – ташкили созмони ҷиноӣ, 188 – бетартибиҳои оммавӣ, 247 - қаллобӣ , 328 – истифода аз зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳукумат, 340 – таҳияи асноди қалбакӣ ва 365 – фирор аз тафтишот муттаҳам мекунад.

Додситонии кулл сокини дигари шаҳри Хоруғ, сарвари созмони ҲНИТ дар ин шаҳр Шерик Карамхудоевро тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ ба ташкили созмони ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва истифода аз зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳукумат, айбдор кардааст.

Вакили дифоъ Қудратов меафзояд, 73 ҷабрдида алайҳи айбдоршавандагон ба тафтишот ҷалб шудаанд, ки 12 нафари онҳо шоҳид шумурда мешаванд. Ба қавли ӯ, ҷабрдидаҳо ҳамон сарбозу афсарони ҳукуматианд, ки дар Бадахшон захмӣ шудаанд ва ҳам волидайни сарбозоне, ки фарзанди худро дар ин ноамниҳо аз даст додаанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим



Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, ки зимни нома ба президенти Тоҷикистон қазияи писарашро «сиёсӣ» унвон карда буд, мегӯяд, ба баёноти ин шоҳиду ҷабрдидҳао бовар надорад: «Ман як чиро намефаҳмам, ки ин 73 шоҳиде, ки овардаанд, ба кадом хотир ба сари ин бачаҳои айбдоршаванда оварда шудаанд. Оё ҳеҷ яке аз волидайн дида бошад, ки фарзанди кадоме аз онҳоро писари ман ё Шерик Карамхудоев парронда бошанд? Ҳаминро мехоҳам фаҳмам.»

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ яке аз намояндагони мақомот шарҳ намедиҳанд, ки чаро парвандаи ин ду нафар муштарак баррасӣ мешавад. Шерик Карамхудоев, сарвари созмони ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ҳанӯз моҳи июли соли гузашта ҳангоми ҳаводиси Бадахшон боздошт шуда буд. Димон Ашӯров низ моҳи августи соли
Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров
Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров
гузашта боздошт шуд, аммо ҳангоми тафтишот аз ошёнаи сеюми бинои Раёсати корҳои дохилии Бадахшон худро ба поён андохта, пас аз чанде ба Чин фирор кард ва моҳи январ аз он ҷо ба Душанбе истирдод шуд.

Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки моҳи июли соли 2012 дар Бадахшон дар пайи кушта шудани Абдулло Назаров, сарвари Раёсати КДАМ дар ин вилоят роҳандозӣ шуд, бино ба иттилои расмӣ, 12 сарбозу афсари ҳукуматӣ ва 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Имомназар Имомназаров, раҳбари ғайрирасмии Бадахшон кушта шуданд. Теъдоди боздоштшудагон аз ҷумлаи ин гурӯҳҳоро мақомоти ҳукуматӣ беш аз 40 нафар эълон дошта буданд.

Парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев дуввумин парвандаест, ки ба ҳаводиси Бадахшон рабт дорад. То ба ҳол додгоҳ ду нафар Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров муҷрим шинохта, онҳоро ба 17 ва 16 соли ҳабс маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG