Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи муштараки Димон ва Шерик ба таъхир афтод


Шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон ва гуруҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон буд. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон ва гуруҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон буд. Акс аз бойгонӣ.

Баррасии парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, ки қарор буд имрӯз дар Додгоҳи олӣ муштаракан баргузор шаванд, ба таъхир афтодааст.

Гуфта мешавад, ки мурофиа бинобар ҳозир нашудани айбдоркунандаи давлатӣ, ба рӯзи душанбеи 8-уми апрел вогузор шуд.

Қабл аз ин дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки бо қарори ҳайати мушовараи Додгоҳ тасмим гирифта шудааст, ки парвандаи ҷиноии Димон Ашӯров, сокини Бадахшон ва Шерик Карамхудоев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Хоруғ, дар як мурофиа баррасӣ шавад.

Аммо Зебо Мамадназарова модари Димон Ашӯров гуфт, ки Додгоҳи олӣ ба хотири ин, ки ҷараёни додгоҳи пӯшида сурат мегирад, наздикони Димон Ашӯровро иҷозаи вуруд ба толори мурофиа надодаанд. Вай мегӯяд, ки бо чунин ҳол идома кардани мурофиа, ба ҳеҷ сурат додгоҳ дар нисбати фарзанди вай қазовати одилона нахоҳад кард. Наздикони Шерик Карамхудоев низ таъйид карданд, ки онҳоро ба толори мурофиа иҷоза надодаанд.

Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва бо қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор дониста мешавад.

Шерик Карамхудоев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар Хоруғ боздошт шуд ва ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст

Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, мегӯяд, ки Додгоҳи Олӣ барои мурофиаи писари ӯ даҳҳо танро аз Хоруғ даъват кардааст, ки баохе ҳамчун шоҳид ва бархи дигар ҳамчун ҷабрдида ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи хонум Мамадназарова, чанд тани онҳо модарони афроде будаанд, ки дар ҷараёни даргириҳои 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ кушта шудаанд.

Зебо Мамадназарова гуфт: «Мақомот шоҳидҳоро барои он овардаанд, то дар додгоҳ зидди фарзанди ман гувоҳӣ диҳанд, ки гуё Димон бачаҳои онҳоро кушта бошад ва Димон ҷангро бархезонда бошад».

Зебо Мамадназарова - модари Димон Ашӯров
Зебо Мамадназарова - модари Димон Ашӯров
Модари Димон Ашӯров мегӯяд, ки додситонӣ дар аввал фарзанди ӯро фақат ба ду ҷурм гунаҳкор мекард, ҳоло теъдоди иттиҳомот бештар шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, ки парвандаи пурсарусадои Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва бо қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» поён дода, ба Додгоҳи олӣ ирсол дошт.

Вакили дифои Димон Ашӯров мегӯяд, ки ба тамоми бандҳои айбномаи додситонӣ розӣ нест. Ба иддаои ӯ, дар ибтидо вай танҳо барои амали таққалуби ҳуҷҷатҳо айбдор дониста мешуд, вале дар ҷараёни тафтишон боз чанд банди дигарро дар парванда ҳамроҳ кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Қудратов, зерҳимояи вай танҳо ҳамин айбномаи ибтидоӣ, яъне таққалуби ҳуҷҷатҳоро эътироф намудааст.
XS
SM
MD
LG